Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ҳалаб дар идомаи хушунатҳои Сурия


Шоми ҷумъа як таркиш шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурияро таккон дод. Бино ба хабарҳо, ин таркиш, ки як идораи давлатиро ба ҳадаф дошт, мунҷар ба ягон қурбонӣ нашудааст. Аммо дар як даргирӣ дар пайи ин таркиш як псобон ҷон бохтааст. Мақомоти Сурия қаблан гуфтанд, ки аз як бомбгузории дигари интиҳорӣ дар Ҳалаб ҷилавгирӣ кардаанд. Хабаргузории давлатии САНО гуфт, нирӯҳои амниятӣ маргталаберо, ки дар мошинаш 1200 кило маводи мунфаҷира дошт, ба ҳалокат расондаанд. Ин талоши ҳамла дар ҳолест, ки бар асари ду бомбгузорӣ дар Димишқ 55 нафар кушта шуданд. Бо ин ҳол, дар бораи эътирозҳо дар чанд шаҳри Сурия гузориш шуда, ба гуфтаи фаъолон нирӯҳои амниятӣ болои тазоҳургарон дар Димишқу Ҳум ва Ҳамову Ҳалаб оташ кушодаанд. Дирӯз дар Сурия 10 мулкӣ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG