Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайёҳи австриягӣ Йоҳанес Лист ба Радиои Озодӣ гуфт, дучархааш ба 200 доллар бозхаридааст.

Меҳмони шаҳри Душанбе Йоҳанес Лист ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дучархаи рабудашудаашро барояш бозгардондаанд. Ба ӯ занг задаву ҷоеро барои мулоқот муайян кардаанд ва дучархаро дар ивази ҷоиза, яъне 200 доллари амрикоӣ барояш пас додаанд.

Вай афзуд, рабуда шудани дучарха нақшаи сафари ӯро дар саросари ҷаҳон вайрон кард, зеро ӯ чаҳор рӯзро дар Душанбе, дар ҷустуҷӯи "дӯсти оҳанин"-аш сарф кард.

Йоҳанес инчунин ҳикоят кард, ки вай дуздид шудани дучархаро дида, ба кормандони милиса муроҷиат кардааст, вале касе ба ӯ мадад нарасондааст. Вай тахмин мезанад, ба он сабаб, ки атрофиён англисиро намедонистанд ва маънии суханони ӯро нафаҳмидаанд.

Ҳамин тавр, пас аз пушти сар кардани 12 000 километр ва сафар ба 12 кишвари ҷаҳон, рӯзи 6-уми май, дучархаи ӯ дар наздикии яке аз тарабхонаҳои Душанбе рабуда ва пас аз чаҳор рӯз ба ӯ баргардониду шуд.

Бо ҳадафи пайдо кардани дучарха, Ҷаноби Йоханес ҳамчунин тавассути матбуот ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кард ва акси дучархаи худро ба намоиш гузошт. Сайёҳи австриягӣ барои пайдо кардани дучархааш 600 доллар ҷоиза муайян кард. Йоҳанес ҳудудан 11 моҳ пеш ба сафари ҷаҳон баромада, акнун аз Тоҷикистон ба Қирғизистон меравад.

Гуфтугӯ бо сайёҳи австриягӣ Йоҳанес Листро дар ин навори видео бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG