Пайвандҳои дастрасӣ

"Чум, нашнохтумуш..."


Фармони аввалини Путин

-Аҷиб, аввалин фармони Владимир Путин баъди боз дар курсии президенти Русия нишастанаш чӣ мешуда бошад?
-Ҳм... фармон дар бораи ба Дмитрий Медведев додани унвони «Артисти халқии Русия»-да!

“Нардбон”

Раиси донишгоҳ проректорро барои сӯҳбат наздаш даъват кард:
-Офарин, корҳоятон хело олӣ. Дар як муддати кӯтоҳ ин қадар зуд дар нардбони мансаб боло рафтед... Як сол пеш шумо баъди хатми донишгоҳ чун аспиранти оддӣ корро шурӯъ кардед, баъди ду моҳ аллакай рисолаи номзадиатонро ҳимоя намудед ва бо як овоз аввал раҳбари кафедра ва баъди он декани факултет тайин шудед. Ана имрӯз аллакай рисолааи докториятон омода ва шумо дар курсии проректорӣ... Чӣ метавонед бигӯед?
-Раҳмат, тағоҷон!

“Хоб”

Агар субҳ аз хоб хестед ва дидед, ки дар Тоҷикистон тартибу низому фаровонӣ аст ва амалдорони ҳукумат аз гирифтани пораву ришват даст кашида, кормандони ГАИ бо шумо на чун ҷинояткор, балки чун одам сӯҳбат мекунанд, ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз ҳам аз хоб бедор нашудаед.

Сӯҳбати кӯтоҳ

-Кӣ ба ту занг зад, ки бори аввал ин қадар кам, ҳамагӣ ним соат гап задӣ...
-Чум, нашинохтумуш...

“Хабари хуш”

Дар долони идора ду ҳамкор бо ҳам вомехӯранд.
-Ман ҳозир дар назди раис будам, -мегӯяд яке, - ва ду хабари нав дорам, яке хабари бад, дигарӣ хабари хуш. Аз кадомаш шурӯъ кунам?
-Аз хабари бад...- посух медиҳад дигарӣ
-Раис маро аз кор ронд!
-Хуууб, хабари он қадар бад нест-ку! Хабари хуш кадом аст?
-Раиси туро ҳам аз кор ронд...
XS
SM
MD
LG