Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сарқонуни ИМА аз "Like"-и Фейсбук ҳимоят накард


Як раис кормандонеро, ки дар сафҳаи фейсбукии рақибаш тугмаи "Like"-ро зер кардаанд, аз кор ронд.

Ҳама хуб медонанд, ки сарқонуни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико озодии баён ва аз ҷумла озодии баён дар шабакаҳои иттилоотиро ҳимоят мекунад. Аммо ҳукме, ки ахиран додгоҳи Амрико дар иртибот ба як баҳси фейсбукӣ баровард, барои донишмандони зиёде дарди сар шудааст.

Дар фарҳангҳои мухталиф боло бардоштани нарангушт маънои “хуб ва маъқул” ва поён гардонидани он маънои “бад ва номақбул”-ро дорад.

Шабакаи иҷтимоии Facebook ин рамзро ҳамроҳ бо калимаҳои англисии "Like" ва "Unlike" ҳамчун рамзи писандидан ва написандидани акс, шарҳ, мақола ва ё ақидаи муаллиф истифода мебарад.

Аммо ҳукми додгоҳи аёлати Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки пахш намудани тугмачаи "like", яъне “писандидан” ба чаҳорчӯби озодии баён рост намеояд ва аз ин рӯ, замимаи аввали Сарқонуни ИМА онро ҳамчун намунаи озодии баён эътироф намекунад.

Донишмандони амрикоӣ дар арзёбии ин ҳукми додгоҳ нарангушташонро рӯ ба поён кардаанд.

Аден Файн вакили мудофиаи Иттиҳодияи амрикоии ҳифзи озодиҳои шаҳрвандӣ бар ин назар аст, ки пахш намудани тугмачаи "Like" намунаи возеҳи озодии баён аст ва бояд аз тарафи сарқонун ҳимоят шавад: “Масъалаи асосӣ ин аст, ки оё тавассути пахши тугмачаи “писандидан” фикре баён мешавад ё не? Ба фикри ман, бале. Вақте шумо тугмачаҳои “писандидан” ва “написандидан”-ро пахш мекунед, шумо мехоҳед бигӯед, ки фалон номзад ба шумо писанд меояд. Ин фикри шумост ва бар пояи Замимаи аввали сарқонун он бояд муҳофизат шавад.”

Баҳси пахши тугмачаҳои Facebook замоне ба додгоҳ кашонда шуд, ки ходимони як пойгоҳи полисро раисашон аз кор пеш кард, зеро онҳо дар давраи пешазинтихоботӣ саҳифаи рақиби раисашон дар интихоботро писандида буданд, яъне аснои тамошои матолиби рақиби раисашон тугмачаи "Like" -ро пахш намуданд. Ин раси мегӯяд, пас кормандони собиқаш на аз барномаи ӯ, балки барномаи рақибаш пуштибонӣ кардаву акнун ҳаққи инро надоранд, ки дар тими вай бошанд.
XS
SM
MD
LG