Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шифои “захмиён”-и ҷанги интернетӣ дар Русия


Егор Погорелов, сухангӯи телевизиони "Дожд"-и Русия.

Егор Погорелов, сухангӯи телевизиони "Дожд"-и Русия.

Дар фазои русии шабакаи ҷаҳонӣ ҳодисае рӯй дод, ки онро метавон ҷанги интернетӣ номид.

Дар арафаи савганди президентии Владимир Путин барои оғози давраи савуми раёсати ӯ дар Русия байни ҳакерҳо ё роҳзанҳои интернетӣ задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Ҷангро гурӯҳи Anonimous ё Беномҳои тарафдори мухолифони Русия оғоз кард. Онҳо рӯзи 4-уми май эълом доштанд, ки ба торнамоҳои ҳукумат зарба хоҳанд зад ва дар воқеъ рӯзи 6-уми май торнамоҳои premier.gov.ru ва government.ru ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Аммо ин сомонаҳо тавонистанд, ба зарбаҳои пайдарпайи ҳамлаварон тоб оваранд ва кори худро идома диҳанд. Ҳамла зоҳиран ҷавоб ҳам дошт. Дар авҷи он роҳзанҳои интернетии тарафдори ҳукумат торнамоҳои расонаҳои хабарии мустақили Русияро ҳадаф қарор доданд. Пеш аз ҳама сомонаи телевизиони интернетии “Дожд”, ки бисёр вақт тазоҳуроти мухолифонро ба шакли зинда пахш мекунад ва ба яке аз минбарҳои сарони ҳаракати норозиёни Русия табдил ёфтааст бар асари ҳамлаи васеъ аз кор монд. Ҳамчунин торнамоҳои нашрияи “Коммерсант”, радиои “Эхо Москви” ва маҷаллаи “Слон” соатҳои дароз дастнорас шуданд. Ин ҳамла ба маротиб сахттар буд ва тавонист, торнамоҳои мазкурро умуман аз шабакаи ҷаҳонии интернет нест кунад.

Аз сардабири торнамои телевизиони “Дожд” Владимир Боровой пурсидам, ин ҳамла чӣ гуна ҷараён гирифт ва чӣ ҳодиса иттифоқ афтод?

Владимир Боровой: “Хуб, ҷараёни ҳамла ин гуна буд, ки аз сервер ё компютерҳои муайян шумораи азими дархостҳо, миллионҳо клик дар як сония, ба торнамо мерезад, ба он андоза зиёд, ки сомона наметавонад, ба ҳамаи онҳо ҷавоб диҳад ва дар натиҷа муаллақ мемонаду дархостҳои дигарро қонеъ гардонда наметавонад, ба истилоҳ, “ях мебандад” ва сафҳаи “Иштибоҳи 404 -- файл ёфт нашуд”-ро пахш мекунад. Бо вуҷуди он ки мо ба чунин ҳамлаҳо омодагӣ доштем, яъне сипари махсуси зидди ҳамлаи DDOS дорем, ҳамла ончунон густарда ва нерӯманд буд, ки мо ба он муқовимат карда натавонистем ва барои муддати муайян торнамо аз шабака афтод ва мо маҷбур шудем, онро ба серверҳои эҳтиётӣ кӯчонем. Ҳоло ҳамла тамом шудааст, вале баъзе аз талошҳо ҳамоно идома доранд, ҳарчанд на ба дараҷаи рӯзҳои шашум ва ҳафтуми май.”

Радиои Озодӣ: Бино бар хабарҳо, торнамоҳое, ки ҳадафи ҳамлаи дуздони интернетӣ қарор ёфтанд, зуд тавлидоти худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчонданд. Телевизиони “Дожд” ҳам ба Фейсбук ва Тивттер рафт. То куҷо ин кӯчиш самарабахш буд ва оё тавонист торнаморо иваз кунад?

Владимир Боровой: “Ба фикрам, оре, дар ниҳояти амр, дақиқан метавон гуфт, ки ин самарабахш буд, зеро ба мо муяссар шуд, бинандагони худро, онҳоеро, ки моро дар интернет тамошо мекунанд ё дар телевизор хабар диҳем, ки дар чӣ ҳолем, хабарҳоро ба онҳо расонем. Албатта, наметавон гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба андозаи кофӣ тавонистанд, вазифаи торнаморо иҷро кунанд, зеро торнамо аз шабакаҳои иҷтимоӣ дида муносибтару хубтар аст, аммо дар ҳолати бӯҳронӣ ба сифати варианти эҳтиётӣ ва ҳамчунин ба ҳайси такиягоҳ шабакаҳои иҷтимоӣ, микроблогҳои шабеҳи Твиттер, албатта, бисёр муфиданд ва хеле кӯмак мекунанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG