Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи 12-уми қаҳрамонии Осиё, ки аз 25-уми май то 1-уми июн дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, бо тимҳои АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 17-ум то 24-уми май дар шаҳри Дубай баргузор мешавад. Мо дар ин ҷо ду бозии санҷишӣ хоҳем кард. Рӯзи 19-уми май бо тими мунтахаби АМА - мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, 21-уми май бо тими лигаи олии футзали АМА - «Дубай полис клаб» ва 22-юми май бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунем. Ба ҳайати даста 13 бозигар, аз он ҷумла 7 нафар аз тимҳои лигаи олии футболи калони кишвар даъват шудаанд. Инҳо Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Алишер Улмасов, Обидҷон Исмоилов (ҳарду - «Хайр»-и Ваҳдат), Аҳтам Назаров («Энергетик»-и Душанбе), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»-и Душанбе), Орзу Додхудоев (ССКА «Помир»-и Душанбе) ва Фирдавс Файзуллоев («Вахш»-и Қӯрғонтеппа) мебошанд. Мо ба мусобиқаи қитъавӣ бо кӯмаки молии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ хоҳем дид. Тамоми саъю кӯшиш ва маҳоратамонро баҳри он сафарбар мекунем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем.”

Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” дохил аст. Футболбозони тоҷик 25-уми май бо тими Тайван, 26-уми май бо дастаи Ҷопон ва 27-уми май бо мунтахаби Лубнон рақобат хоҳанд кард.

Ба гурӯҳҳои дигар дастаҳои зерин шомиланд:

гурӯҳи «А»: АМА, Тайланд, Қирғизистон, Туркманистон.

гурӯҳи «С»: Эрон, Австралия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ.

гурӯҳи «D»: Узбакистон, Индонезия, Чин, Кувайт.

29-уми май бозиҳои чаҳорякниҳоӣ бо ширкати ҳашт даста (аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи беҳтарин) баргузор мешавад. Агар тими Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёбад, бо яке аз тимҳои беҳтарини гурӯҳи “А” қувваозмоӣ мекунад.

Даври ниманиҳоӣ 30-юми май, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 1-уми июн баргузор хоҳанд шуд. Чаҳор дастаи пешқадами Осиё дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки тирамоҳи соли равон дар Тайланд доир мегардад, ширкат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии осиё-2012:

Дарвозабонҳо: Миралӣ Шарифов («НОБ Сангтӯда»), Шӯҳрат Беҳбудов («Вавилон»);

Бозигарон: Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамадбобоев («Вавилон»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Фирдавс Файзуллоев («Вахш»), Алишер Улмасов, Обидҷон Исмоилов (ҳарду - «Хайр»), Беҳрӯз Абдуалимов («Телеком технолоҷӣ»), Акмал Ҷумъаев («НОБ Сангтӯда »), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Орзу Додхудоев (ССКА «Помир»).
XS
SM
MD
LG