Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Галуён: Ҳамла дар Димишқ - кори "Ал-Қоида" аст


Бар асари таркиш дар шаҳри Алеппо, воқеъ дар шимоли Сурия, дасти кам се нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Маркази назорат ба ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод.

Аз ин пеш ошӯбгарони суриягӣ хостори тафтиши байнулмилалии ҳамлаҳои террористии як рӯзи пеш дар Димишқ шуданд. Бурҳон Галуён, раҳбари Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумат низ, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Токио гуфт, аз нигоҳи ӯ, ҳамлаҳоро сӯи мусаллаҳони “Ал-Қоида”, ки бо ҳукумати Башор Асад ҳамкорӣ мекунад, анҷом додаанд. Ба гуфтаи Галуён, Димишқ талоши ноком кардани тарҳи сулҳи аз сӯи намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия Кофӣ Аннон пешниҳодшударо дорад.

Рӯзи панҷшанбе бар асари таркиши ду мошин, ки аз сӯи маргталабҳо идора мешуданд, дасти кам 55 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 370 нафар маҷрӯҳ шуданд. Леон Панетта, вазири дифои Амрико, дар робита ба авзоъ дар Сурия гуфт, ки "ИМА чун пештар аз вазъи ин кишвар нигарон аст. Метавон гуфт, ки режими оташбас риоя намешавад. Мо аз Башор Асад боз ҳам даъват мекунем, ки ба истеъфо равад. Сурия ба ислоҳот ниёз дорад. Раҳбарияти Сурия бар асари теъдоди бузурги кушташудаҳо дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона қонунияти худро аз даст додааст".
XS
SM
MD
LG