Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндониён меҳвари гуфтугӯи фиристодаи СММ дар Душанбе


Маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа

Маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа

Фиристодаи вижаи СММ бо вазири адлияи Тоҷикистон масъалаи боздид аз маҳбасҳоро баррасӣ кардааст.

Сергей Романов, мудири як маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодй гуфт, ки ҷаноби Хуан Мендес бо вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менгалиев мулоқот кард ва ҳамчунин дар назар аст, ки бо масъулони ниҳодҳои дигари қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намояд.

Дар дидораш бо вазири адлияи Тоҷикистон барномаи мулоқот бо маҳбусонро баррасӣ кардааст, ки тибқи он натанҳо аз маҳбасҳои шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз зиндони пӯшидаи Қурғонтеппа ва шаҳри Хуҷанд низ дидан хоҳад намуд.

Майор Сафаров, як ходими зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба РО гуфт, ки онҳо тайи як ҳафта аст, ки барои ташрифи намояндаи СММ аз ин маҳбас омодагӣ доранд ва дар назар аст, ки то поёни ҳамин рӯз Хуан Мендес бо сардори Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон Изатулло Шарифов мулоқот кунад.

Сергей Романов мегӯяд, ки намоянади вижаи СММ қабл аз мулоқоташ бо вазири адлияи Тоҷикистон, бо Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода оид ба роҳҳои бартараф кардани шиканҷа дар боздоштгоҳҳои пешакии Тоҷикистон сӯҳбат кардааст.

Гуфта мешавад, дар поёни сафараш Хуан Мендес дар нишасти хабарие аз дидаву шунидаҳояш дар мавриди талошҳои Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа сӯҳбат хоҳад кард. Баъд аз ин сафар, давлати Тоҷикистон моҳи ноябри ҳамин сол ба Кумитаи мубориза барои маҳви шиканҷаи Созмони Милал гузориш хоҳад дод, ки дар тайи се сол, яъне аз соли 2007-ум то соли 2010-ум барои аз байн бурдани бадрафторӣ бо боздоштшудагону маҳбусон ва ё шиканҷаи онҳо чӣ корҳоеро ба сомон расонидааст.

Дар ин гузориш, ки дар ихтиёри бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ қарор дорад, омадааст, аз соли 2007-ум то соли 2009-ум дар кишвар 174 мақомоти тартибот ва ҳифзи ҳуқуқро барои сӯистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва 709 нафар аз онҳоро мутобиқ ба рафторашон ҷазои сазовор додаанд.

Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофоти гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофотро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байналмилалист.

Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт доғтар шуд ва Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод, ки Афви байналмилалӣ низ пешрафти Душанбе дар набард бо бадрафторӣ унвон кардааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, соли гузашта дар ҳамоиши Женева гуфта буд, ки дар тӯли соли 2010-ум ва ҳашт моҳи соли 2011-ум ҳудуди 70 аризаи шикоятӣ дар бораи шиканҷа, лату кӯб ва бадрафтории сокинон ба унвонии додситонӣ ворид шудааст, ки аз ин теъдод 16 мавриди он исботи худро ёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, нисбат ба ин 16 мавриди шиканҷа ва бадрафтории сокинон парвандаҳои ҷиноӣ боз ва 12 парванда ба додгоҳ ирсол шуд, ки гунаҳкорон ҷазо гирифтанд.

Аммо ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.
XS
SM
MD
LG