Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори боз як сарбози НАТО дар Афғонистон


Дар вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, фарди ношинос дар либоси сарбози артиши миллӣ як низомии НАТО-ро ҳадафи тир қарор дод. Ба иттилои ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, тафтиши ин ҳодиса шурӯъ шудааст. Тафсилоти дигар, аз ҷумла, иттилоъ дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани низомии ҷонбохта алҳол зери даст нест.

Масъулияти ин кушторро толибон бар дӯш гирифтанд.

Аз оғози сол дар Афғонистон аз сӯи низомиёни афғон ва афроди либоси ҳарбӣ дар тан 20 сарбози НАТО кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG