Пайвандҳои дастрасӣ

Аҷсоди 10 мусофири ҳавопаймои суқуткарда пайдо шуд


I

I

Дар кӯҳи Салаки Индонезӣ наҷотбахшон ҷасади 10 мусофири ҳавопаймои суқуткардаи русии "Сухой Суперҷет-100"-ро пайдо карданд. Намояндаи гурӯҳи наҷотбахшон Гадаҳ Пракосо гуфт, ки айни ҳол омодагиҳо барои интиқол додани ҷасадҳо тавассути чархбол омода доранд.

"Сухой Суперҷет-100" рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми парвози намоишӣ суқут кард. Дар ин ҳодиса 45 нафар, аз ҷумла, 8 шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд.

Тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймо идома дорад. Қаблан гуфта мешуд, ки бар асари ҳавои номусоид дар ҷойи суқути ҳавопаймо шояд тафтиши ҳодиса то як сол идома кунад.

Ҳаичунин хабар мерасад, ки бархе кишварҳо қарордодашон бо Русия барои харидории ҳавопаймоҳои "Сухой Суперҷет-100"-ро бознигарӣ карданианд.
XS
SM
MD
LG