Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 27 нафар ба асари сел дар Афғонистон


Бар асари сел дар манотиқи кӯҳистони шимоли Афғонистон дасти кам 27 нафар ба ҳалоат расида, чандин каси дигар бенгому нишон шудаанд. Ин дуввумин офати табиӣ дар ин минтақа дар ду ҳафтаи ахир аст.

Волии Тахор Абдулҷаббор Тақво ба хабарнигорон гуфт, ки аз сел даҳҳо деҳаҳои волусволии Ишкомиш осеб дидаанд.Ӯ ҳадс зад, ки шояд теъдоди қурбониёни офати табиӣ афзоиш ёбад.

Гурӯҳҳои наҷотбахш адаби набудани роҳҳои мошингард тавони расидан ба ҷойи ҳодисаро надоранд. Ба гуфтаи Тақво, барои мадад ба осебдидагон чархболҳо заруранд.

6 май бар асари обхезӣ дар вилояти Сарипул 21 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG