Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷоҳу як дарсади сокинони вилояти Хатлон озуқаи барои нигоҳдории саломатиашон муҳимро ба қадри кофӣ истеъмол карда наметавонанд.

Оҷонсии омори вилояти Хатлон мегӯяд, агар ҳам сабадчаи истеъмолӣ қариб ба 139 сомонӣ баробар аст, талабот ё меъёри муқарраршудаи маблағ, ки бояд ҳар як инсон барои ғизо сарф кунад, зиёда аз 283 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон, давлат 49 дарсади талаботи сабади истеъмолиро таъмин мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гузориши ожонсии вилояти Хатлон, мизони фақр дар ин минтақа 51 дарсадро ташкил медиҳад: «Тибқи нормативи тиббӣ, ҳар як одам бояд дар як моҳ 283 сомонию 26 дирам барои озуқа харҷ кунад, то ки саломат бошаду бемор нашавад. Аммо мо кариб 49 фоизи талаботро таъмин карда метавонем.»

Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон

Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори вилояти Хатлон

Раиси Оҷонсии омори Хатлон афзуд, дар қиёс бо соли гузашта ҳаҷми маблағи сабадчаи истеъмолӣ ва маоши миёна дар Хатлон, ки ба 368 сомонӣ, муодили 76 доллари амрикоӣ, баробар аст, каме боло рафтааст. Аммо дар ин баробар, танҳо дар се моҳи аввали имсол нархи маҳсулоти озуқа дар вилояти Хатлон дастикам 7 дарсад афзоиш ёфта, мушкилотеро барои хонаводаҳо ба бор овардааст.

Хонаводаи Ибодат Қодирова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз 6 нафар иборат аст, моҳе то ҳазор доллари амрикоӣ барои заруратҳои рӯзгор сарф мекардааст. Хонум Қодирова мегӯяд, агар ӯ ҳамроҳи фарзандонаш ба тиҷорат машғул намешуд, шояд вазъи иҷтимоии хонаводааш сахттар аз имрӯз мебуд:

«Ҳамон сабадчаи истеъмолӣ каму нархи бозорро бинед, албатта, намерасад. Дар оилаҳои калон фақат 1 ё 2 нафар кор мекунанд, аз куҷо пурра таъмин карда метавонанд. 100 долларро ба бозор мебарем, маводи харидаамон ба як ҳафта намерасонад. Агар мехӯрам гӯед, маблағи дармеёфтаатон аслан кифоят намекунад. Мо ҳисоб кардем, ки дар се моҳи охир се ҳазор доллар сарф кардаем барои оила. Ҳама ин хел шароит надорад-ку…»

Коршиносон мегӯянд, ҳаҷми ками даромади молии хонаводаҳо боиси ба бемориҳои гуногун мубтало шудани одамон гардидааст. Зеро 51 дарсади сокинони Хатлон ба қадри кофӣ гӯшт, шир, моҳӣ ва дигар маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ муфид ва истеъмолаш ҳатмиро намехӯрдаанд.

Ашӯралӣ Юсуфзода, сокини шаҳри Сарбанд, мегӯяд: «Дар даври собиқ Шӯравӣ ҳар семоҳа нарху навои маҳсулоти озуқа арзон мешуд, ба ҷойи гароншавӣ. Давлат бозорро танзим карда метавонист. Маҳсулотро мехарид аз мардум, то ки дар ҳар фасли сол нархҳоро мувозин нигоҳ бидорад. Ҳоло бошад маҳсулотҳо дар бозор мепӯсад, вайрон мешавад, аммо нарх ҳеҷ поин намеравад. Тоҷирон дар нархгузорӣ озоданд, аммо мақомоти расмӣ бояд танзим кунад, то ки мардум, харидорон зиён набинанд. Халқ ба касалиҳои гуногун гирифтор шуда истодааст аз норасоии озуқа, чунки нарх гарон, кори маошаш кофӣ нест, асабҳо хароб. Вазъият ислоҳи ҷиддӣ ва оҷилиро мехоҳад.»

Як сабаби болоравии нархи маводи озуқа, ба иддаои мақомоти давлатӣ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирон аст, ки асосан ба бозор мерезад. Юсуф Сафаров, раиси Оҷонсии омори Хатлон, мегӯяд, азбаски шаҳрвандон маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кориро «ғайриоқилона» истифода мекунанд, қимати молу коло ва маводи озуқа дар бозор рӯз ба рӯз боло меравад:

«Муҳоҷирони корӣ бо сад азоб маблағ мефиристанд, аммо дар ин ҷо пайвандонашон бо он пул ба бозор мешитобанд. Барои ҳамин нархҳо дар бозори мо ба нархҳои ҷаҳонӣ баробар шудааст. Магар беҳтар нест, ки ақаллан чорво бихаранд бо он пул, замину замон чарогоҳ аст, нигоҳдориаш осон, ё киштукор кунанд, то ки шароити зиндагиашон беҳтар шавад, муҳоҷирон баргарданд. Давлати Чин ҳам ба воситаи маблағҳои муҳоҷиронаш иқтисодашро ба по хезонд. Чунки мардум сехҳо сохтанд, корхонаҳо бунёд карданд, истеҳсолотро ба роҳ монданд. Аммо мо ба муҳоҷиронамон раҳм намекунем. Ҳатто каланд ба китф намегирем, то ки маблағи фиристодаи пайвандонамонро дар кишвари худамон афзун кунем…»

Оилаҳои хатлонӣ ба ҳисоби миёна аз 6,7 нафар иборат буда, сарварони хонавода барои ғизо ва заруратҳои дигари ҳар як узви оила ба ҳисоби миёна камтар аз сад сомонӣ дар як моҳ сарф мекардаанд. Бар асоси таҳқиқоте, ки Оҷонси омори вилояти Хатлон соле пеш анҷом дода буд, сокинони ин вилоят бештар аз ҳама маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд ва нон тақрибан 40 дарсади маҷмӯи ғизои истеъмолии хатлониёнро ташкил медодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG