Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 медали бонувони тоҷик дар сабқати қитъавӣ дар Тошканд


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Тошканд соҳиби 16 медал (7 нуқра ва 9 биринҷӣ) шуд.

Дар ин мусобиқа варзишгарони 11 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон пас аз дастаҳои Узбакистону Қазоқистон дар ҷойи севум қарор гирифт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 29 варзишгар дохил буд.

Рухшона Назарова ва Мунира Кароматова миёни варзишгарони маълул, Сайлопоччо Қурбонова (+70 кг) байни наврасон, Сокина Мӯҳсинзода (65 кг) байни ҷавонон, Карина Оганесян (60 кг), Нигора Гулматова (65 кг) ва Фирӯза Аҳмадова (90 кг) миёни бузургсолон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Азиза Мадалиева (60 кг), Сайлопоччо Қурбонова (+80 кг) байни наврасон, Зарнигор Қучқорова (70 кг) миёни ҷавонон, Муҳайё Сатторова (55 кг, дасти чап ва рост), Карина Оганесян (60 кг, дасти рост), Нигора Гулматова (65 кг, дасти рост), Муҳаббат Маматова (80 кг, дасти рост), Фирӯза Аҳмадова (90 кг, дасти рост) байни бузургсолон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG