Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама аз тасмими Путин нороҳат нест


Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед
Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед
Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки аз тасмими Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар бораи худдориаш аз боздиди Амрико беэҳтиромӣ эҳсос намекунад. Қарор буд ҳафтаи оянда Путин дар мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ё Ҷӣ 8 дар Амрико ширкат ҷӯяд.

Ҷей Карнӣ-сухангӯи Кохи Сафед изҳор дошт, ки Путин ба тозагӣ корро дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ кардааст ва вай ҳоло бо ташкили ҳукумати нав машғул аст ва Барак Обама–раиси ҷумҳури Амрико онро “дарк мекунад”.

Ахиран барои барномаҳои сипари дифои зиддимушакӣ дар Авпупои Шарқӣ муносиботи миёни Амрико ва Русия то андозае сард шуд. Маскав ҳамчунин Вашингтонро муттаҳам кард, ки дар ҷараёни маъракаи интихобтӣ Амрико тазоҳуроти эътирозии зидди Путинро дар Русия таҳрик мекард.

Интизор меравад, ки Путин ва Обама моҳи июн дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ё Ҷӣ 20 дар Мексика бо ҳам дидор ва гуфтугӯ кунанд.
XS
SM
MD
LG