Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасадҳои сарнишинони ҳавопаймои Русияро пайдо карданд


Sukhoi Superjet ҳангоми парвоз аз Ҷакарта

Sukhoi Superjet ҳангоми парвоз аз Ҷакарта

Гурӯҳҳои наҷоти Индонезия мегӯянд, аз ҳавопаймои суқуткардаи Русия касе зинда намондааст. Ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 ду рӯз пеш дар ғарби Индонезия ҳангоми иҷрои парвози санҷишӣ ба фоҷеа дучор шуд ва 50 сарнишини он ҷон бохтанд. Ҷасадҳоро пайдо кардаанд ва бояд онҳоро бо чархбол интиқол диҳанд, вале ба сабаби ҳавои бад ин кор ба таъхир афтодааст. Баъд аз 21 дақиқаи парвоз ҳавопаймо сууқут кардааст ва то ҳол сабабҳои он маълум нест.
XS
SM
MD
LG