Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар Шӯроб ниругоҳ бунёд мекунад


Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара ниругоҳи барқи ҳароратӣ бунёд кунад. Ин ниругоҳ бо ангишти маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард. Тавоноии ин ниругоҳ 300 МВт-ро ташкил хоҳад дод. Ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd. Изҳори омодагӣ кардааст, ки сохтмони ин ниругоҳро бар ӯҳда мегирад. Ин ширкат дар ояндаи наздик дар ин бора бо вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон қарордод имзо хоҳад кард. Дар ин бора вазорат ба матбуоти маҳаллӣ хабар додааст.
XS
SM
MD
LG