Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар Санкт-Петербург


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар 16-умин мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи “Умедҳои олимпӣ – Ҷоми Ғалаба” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия панҷ медал ба даст оварданд.

Шӯҳратҷони Фахризода дар вазни то 73 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило миёни наврасони соли таваллудашон 1993-1995 ғолиб омаданд ва бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Хушбахт Қурбонмамадов дар вазни то 60 кило бо медали нуқра сарфароз гашт.

Инчунин дар рӯзи охирини мусобиқа Комроншоҳи Устопириён ва Хушбахт Қурбонмамадов дар рақобатҳо миёни варзишгарони соли таваллудашон 1992 ва аз он боло медалҳои тилло ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG