Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии САҲА аз боздошти журналистон дар Русия


Намояндагии САҲА дар масоили озодии баён барои боздоштҳои “бенизому берабти” журналистон дар ҷараёни намоишҳои эътирозии хиёбонии Маскав ва ҳамлаҳои ахир болои матбуоти интернетии русӣ изҳори нигаронӣ кард. Дуня Миятович бо пахши изҳороте гуфт, ки ҳодисаҳои ахир бояд мӯшикофона таҳқиқ шаванд ва зидди мақомоти ҳифзи тартибот, ки ҳуқуқи журналистонро поймол карданд, тадбирҳо андешида шавад. Вай гуфт, тибқи гузоришҳо полиси роҳ даҳҳо хабарнигорро боздошт ва азият кардааст, ки аз рӯзи 6 то 9 май эътирозҳои хиёбониро пайгирӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG