Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА аз Қазоқистон пеш аст


Тоҷикистон дар феҳристи навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) мавқеашро дар мақоми 131-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 11. Русия (дар ҷойи 11-ум буд). 47. Арманистон (47). 50. Украина (49). 54. Эстония (53). 69. Беларус (68). 70. Узбакистон (69). 74. Латвия (74). 89. Литва (89). 95. Гурҷистон (95). 109. Озарбойҷон (110). 131. Тоҷикистон (131). 137. Қазоқистон (137). 142. Молдова (142). 144.Туркманистон (142). 195. Қирғизистон (195).

Дастаи миллии Испания байни 208 тими миллӣ мисли пешин дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Олмон дар ҷои дуввум ва Уругвай дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳолланд, Португол, Бразил, Инглистон, Хорватия, Аргентина ва Дания ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 19-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Австралия (дар феҳристи ҷаҳонӣ 21-ум), Ҷопон (30), Кореяи Ҷанубӣ (31), Эрон (52), Чин (66), Узбакистон (70), Ироқ (72), Урдун (81), Қатар (84) ва Кореяи Шимолӣ (86).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG