Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёии Рушд азм дорад, тарҳи хатти интиқоли барқу газ аз Туркманистон то Афғонистону Покистон тариқи Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти Ашок Кумар Лаҳирӣ, раиси иҷроияи Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми май дар Душанбе матраҳ шуд. Дар ин мулоқот ба мавзӯи барномаи стратегии ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд барои солҳои 2012-2014 низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Раиси иҷроияи БОР татбиқи лоиҳаҳои энержӣ ва сохтмони роҳҳоро аз самтҳои афзалиятноки ин барнома унвон кард.

Ашок Кумар Лаҳирӣ пас аз мулоқот бо президент Раҳмон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат ба зарурати иқдоми рушди бахши энержӣ, нақлиёт, идорӣ ва ислоҳот дар бахши молиётро таъкид кард. Ҷаноби раисиҷумҳур умед дорад, Бонки Осиёии Рушд дар ин бахшҳо Тоҷикистонро пуштибонӣ хоҳад кард."

БОР азм дорад, дар иҷрои тарҳи интиқоли хатти барқу газ аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон тариқи Тоҷикистон кӯмак кунад. Таҳлилгарони тоҷик талошҳои ахири БОР барои иҷрои тарҳҳои минтақавиро ба талошҳои Тоҷикистон барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ марбут медонанд. Ба қавли онҳо сардии муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистон, махсусан дар бахши энержӣ ва роҳу нақлиёт ин буҳронро амиқтар карда ва ин кишварро дар бунбаст қарор додааст.

Давлатмурод Ҷумъаев

Давлатмурод Ҷумъаев

Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари тоҷик, гуфт, "мутахассисони бонк медонанд, ки барномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ ва нақлиёт бо Тоҷикистон ояндадор аст ва махсусан Тоҷикистон ба иҷрои ин барномаҳо шадидан ниёз дорад. Аз ин хотир омодааст, ки сармоягузориҳои бештар кунад ва табиист суди кофие ба даст меоварад."

Дар зимн, сар аз соли 1998-ум Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон ҳудуди 900 миллион доллар қарзҳои боимтиёз, грант ва кумакҳои фаннӣ ироа кардааст. Ҳамчунин, феълан ин чанд барномаи сармоягузории ин бонк мавриди иҷро қарор дорад, ки сармояи умумии ин барномаҳо ба 530 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG