Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ноҳияи Қубодиён боздошт шудааст.

Як манбаъ дар ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, Зилмурод Эшонхонови 39-сола, "амир"-и Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Қубодиён бо ду ҳамсафи дигараш -- Аслиддин Наврӯзови 23-сола ва Нуриддин Исохонови 39-сола дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён боздошт шудаанд.

Алайҳи афроди муттаҳам бар асоси моддаҳои 187 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Боздоштшудаҳо, ба гуфтаи манбаъ, ба тарғиби ғояҳои ин созмони мамнӯъ ва даъвати ҳамдеҳаҳои худ ба ҷиҳод машғул шуда, аз Ҳаракати Исломии Узбакистон пуштибонӣ мекардаанд.

Манбаъ афзуд, фош шудани ин гурӯҳ пас аз истирдоди Бахтиёр Умаров, узви ҲИУ, аз Покистон ба Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Бахтиёри 26-сола низ сокини деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён ва хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будааст. Моҳи феврали соли равон ду сокини дигари ин деҳа – Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ба мӯҳлатҳои ҳаштуним ва нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.

Кумитаи амнияти миллӣ моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки дар баробари Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ҳамчунин нисбат ба 10 ҳамдеҳаи онҳо аз деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо, Иброҳим Сатторов, Шӯҳрат Саидов ва дигарон низ дар пайравӣ аз Ҳаракати Исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд. Ҳоло мақомоти интизомии Тоҷикистон ин 10 нафарро дар пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Толибхон Азимов, намояндаи додситонии Хатлон, гуфта буд, ба гумони ғолиб ин афрод феълан дар хориҷи кишвар, бахусус Афғонистону Покистон будубош доранд. Зеро муфаттишон маълум намудаанд, ки афроди муттаҳам бо шохаҳои ҳаракати Толибони Афғонистон низ иртибот дошта, ҳадафи такмили ҳайати ин созмони ифротгароро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон пайгирӣ мекардаанд.

Дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти вилояти Хатлон аз боздошти як фиристодаи гурӯҳҳои тундрав, ки қасд доштааст, бештар аз 100 ҷавони тоҷикро ба Покистон бифиристад, хабар доданд. Ба дунболи ин, мақомоти расмӣ аз мардум хостанд, ба таҳсилу рафтори фарзандони худ аҳамияти бештар диҳанд, то онҳо фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундрав нашаванд.

Ин бори аввал нест, ки бархе сокинони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми пуштибонию пайравӣ ба созмонҳои ифротгаро боздошт ва таъқиб мекунанд. Соле қабл Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи мазкур, аз хунсошавии ду гурӯҳи пайравони ҷараёни мамнӯъшудаи «Салафия» хабар дода буд, ки гӯё бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла «Ал-Қоида» ва Ҳаракати Исломии Узбакистон иртиботи мустаҳкам доштаанд. Он замон раиси ноҳияи Қубодиён гуфта буд, ки сарварони ин ду гурӯҳи ҷараёни «Салафия» 60 ноболиғи маҳаллиро бо баҳонаи таълимоти исломӣ ҷалб карда ва ҳадаф доштаанд, онҳоро аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба хориҷа, ба пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ, сафарбар кунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳаракати Исломии Узбакистонро як созмони ифротгарою террористӣ шинохта, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар расман манъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG