Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "амир"-и ҲИУ дар Қубодиён


Раёсати корҳои дохилии Хатлон мегӯяд, амири Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) дар ноҳияи Қубодиёнро бо ду узви ин ҳаракат боздошт кардааст. Як манбаъ дар ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, Зилмурод Эшонхонови 39 - сола, амири ҲИУ дар Қубодиён бо ду ҳамсафи дигараш – Аслиддин Наврӯзови 23-сола ва Нуриддин Исохонови 39-сола дар деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён боздошт шудаанд.

Бино ба ин манбаъ, фош шудани ин гурӯҳ пас аз истирдоди Бахтиёр Умаров, узви ин ҳаракат аз Покистон ба Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Ӯро додгоҳи ноҳияи Қубодиён 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Моҳи феврали соли равон ду сокини ин деҳа – Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ба мӯҳлатҳои 9 ва 8, 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.
XS
SM
MD
LG