Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Олимпия машъали бозиҳои олимпӣ фурӯзон шуд


Ба ифтихори бозиҳои олимпии имсолаи Лондон дар шаҳри Олимпиаи Юнон машъали олимпӣ фурӯзон шуд. дар ин шаҳр 2800 сол пеш нахустин бозиҳои олимпии ҷаҳон баргузор шудааст. Дар маъракаи рӯзи панҷшанбе президенти бозиҳои байналмилалии олимпӣ Жак Рогге ва раҳбари бозиҳои олимпии Лондон, барандаи медали тиллои олимпӣ дар дави варзишӣ Себастиян Кой ширкат карданд. Жак Рогге гуфт:

- Мо бояд ба зодгоҳи ҷумбиши олимпӣ барои афрӯхтани машъал меомадем, то ки нури он базудӣ тамоми ҷаҳонро фурӯзон гардонад. Оташе, ки ин ҷо аз нури офтоб афрӯхта мешавад, рамзи муқтадири анъанаву арзишҳои ҷумбиши мост. Ин як бурҷест, ки арзишҳои мисли дӯстиву пешвоӣ ва эътимоди Олимпиадаро парастиш мекунад ва рамзи ҳамбастагиву сулҳ аст.

Ҳамакнун, машъали олимпӣ тибқи анъана бояд масофаи 2900 километрро тай карда, рӯзи 17 май ба варзишгоҳи Атен, маҳалли нахустин бозиҳои замонавии варзишӣ (соли 1896) оварда шавад. Дар он ҷо машъал ба дасти намояндагони Бритониё супурда мешавад. Баъди ин масофаи 12 ҳазору 800 километр роҳ то Лондон мемонад, ки дар он ҷо рӯзи 27 июл маъракаи ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ барпо мешавад. Машъал бояд аз қаламрави беш аз ҳазор шаҳру деҳот убур карда ба пойтахти Бритониё бирасад.
XS
SM
MD
LG