Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Носир Саидов раиси киностудияи "Тоҷикфилм" шуд


Коргардони тоҷик Носир Саидов раиси киностудияи "Тоҷикфилм" таъин шуд. Худи ӯ дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, интихоби ӯ ба ин симат ногаҳонӣ ва бидуни алтернатива аз сӯи раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Носир Саидов аз коргардонони машҳури даври имрӯз аст, ки яке аз филмҳои сохтаи ӯ «Қиёми рӯз» дар сатҳи байнулмилал намоиш дода шудааст. Раҳбари пешини киностудия Маҳмадсаид Пиров сарвари шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин шудааст. Солҳои охир Носир Саидов дар телевизионҳои давлатии "Шабакаи якум", "Сафина" ва "Баҳористон" ба ҳайси коргардон кор кардааст.
XS
SM
MD
LG