Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обамаву Расмуссен нишасти наздики НАТОро дар Чикаго баррасӣ карданд


Дар остонаи нишасти НАТО дар Чикаго президенти Амрико Барак Обама дар Кохи Сафед бо дабири кулли ин паймони низомӣ Андерс Фог Расмуссен мулоқот кард. Изҳороти Кохи Сафед ҳокист, ки Обамаву Расмуссен ӯҳдадории эътилофро дар амри интиқоли назорати амнияти Афғонистон ба ихтиёри нирӯҳои миллии ин кишвар ба шакли нақшае намоиш дода инчунин, дар бораи тағйири нақши НАТО аз ширкатдори амалиёти ҷангӣ ба ҳайси имдодрасони таъмини субот дар Афғонистон хабар хоҳанд дод. Дар нишасти Чикаго рӯзҳои 20-21 май бояд аъзои кишварҳои эътилофи НАТО нақшаи хуруҷи нирӯҳо аз хоки Афғонистонро тартиб диҳанд. Дар Афғонистон дар канори 350 ҳазор нирӯҳои миллии Афғонистон дар ин кишвар ҳудудан 130 ҳазор сарбози хориҷӣ, асосан аз кишварҳои аъзои НАТО зидди ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида меҷанганд.
XS
SM
MD
LG