Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи панҷшанбе, 10 май, ду инфиҷор Димишқро ба ларза дароварда ва даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

Бар асоси изҳороти як ҳизби мухолифи давлати Сурия, таркишҳо дар наздикии пойгоҳи нерӯҳои низомӣ рух додаанд. Хабаргузории Фаронса ҳам гузориш дода, ки ин ду инфиҷор дар рӯбарӯи сохтмони чандтабақаи амниятии Сурия иттифоқ уфтода ва харобиҳоеро ба дунбол доштааст.

Телевизиони давлатии Сурия ҷасади фавтидагон ва мошинҳои сӯхтаву харобшударо намоиш дод.

Ҳанӯз омори дақиқе аз фавтидагон ва маҷрӯҳони ин воқеа мунташир нашудааст. Аммо хабаргузории Фаронса аз даҳҳо кушта ва захмӣ хабар дода ва телевизиони давлатии Сурия низ мегӯяд, бештари зиёндидагон одамони оддӣ ҳастанд.

Телевизиони Сурия "террорист"-ҳоро масъули ин инфиҷор донистааст. Ҳол он ки Шӯрои миллии Сурия, гурӯҳи мухолифони ин кишвар, дар баёнияе давлати Сурияро масъули ин воқеа шумурд.

Шӯрои миллии Сурия мегӯяд, ҳадаф аз инфиҷорҳо ин аст, ки давлат ба нозирони байнулмилалӣ нишон додан мехоҳад, дар ҳоли мубориза бо террористҳост.

Нооромиҳои Сурия беш аз як сол аст, ки идома дорад ва ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид беш аз 9 ҳазор тан дар ҷараёни нооромиҳои ин кишвар ҷон бохтаанд. Талошҳои байнулмилалӣ ҳанӯз муваффақ нашудаанд, то ба даргириҳо дар Сурия поён диҳанд.

Кофӣ Аннон, намояндаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи араб дар умури Сурия гуфт, ҳамчунон оташбас ба шакли хатарноке дар Сурия нақз мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG