Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳама мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Сухой" ба ҳалокат расиданд


Мақомоти Индонезӣ гуфтанд, ки ҳеҷ нафаре дар натиҷаи суқути ҳавопаймои “Сухой” дар кӯҳҳои ин кишвар рӯзи чоршанбе зинда намондааст. Ҷустуҷӯи пораҳои ҳавопаймои сохти русӣ, ки дар кӯҳистони ғарби Индонезӣ суқут кард, нишон дод, ки ҳеҷ нафаре аз тақрибан 50 сарнишини он зинда намондаанд. Дар миёни мусофирон дипломатҳову журналистҳо буданд. Ҳавопаймои мазкур соли 2008 сохта шуда, асосан дар ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиё, аз ҷумла Қазоқистон, Покистон ва Минмар парвозҳо наҷом додааст. Ин ҳавопаймо 21 дақиқа баъди тарки Ҷакарта карданаш сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG