Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаҳои нави фурӯши нашрияҳо дар шаҳри Душанбе


Шаҳрдории Душанбе ба як қатор нашрияҳои Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои зерзаминӣ нуқтаҳои фурӯшро ба иҷора дод.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, дӯконҳои гузаргоҳҳои зеризаминии тозабунёди назди «Олами китоб» ва меҳмонсарои «Пойтахт» ба рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе», «Вечёрка», «Озодагон», «Фараж», «СССР», «Тоҷикистон» ва «Азия-Плюс» ба иҷора дода шуданд.
Ба қавли ӯ, ин иқдом ба хотири баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва содда кардани дастрасии сокинон ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар маводи воситаҳои чопӣ гирифта шудааст.

Вай афзуд, ба ин ҳадаф дар оянда боз 24 маркази дуошёна барои фурӯши маводи ғизоии моддиву маънавӣ, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо ва пешниҳоди дигар намуди хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта, ба истифода дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG