Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Барак Обама аз издивоҷи ҳамҷинсгароён


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида

Изҳороти Барак Обама дар бораи издивоҷи ҳамҷинсгароён ба мухолифати масеҳиёни муҳофизакор рӯбарӯ шуд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар мусоҳибае бо шабакаи 'ABC' гуфт, аз издивоҷи ҳамҷинсгароён ҳимоят мекунад. Ба қавли Обама, "бояд ба ҳамҷинсгароён иҷоза дод, то онҳо бо ҳам издивоҷ кунанд."

Вай зимнан изҳор дошт, ки ин фикри шахсии ӯст, аммо аз ҳаққи иёлатҳои Амрико ҳимоят мекунад, ки онҳо дар ин бора чӣ тасмим мегиранд ва қонунҳои худро ба чӣ шакл ба тасвиб мерасонанд. Ҳимояти Барак Обама аз издивоҷи ҳамҷинсгароён бори аввал аз ҷониби як раисиҷумҳури Амрико садо медиҳад.

Ин изҳороти Обама мавриди истиқболи демократҳо, мудофеони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён ва бархе дигар аз гурӯҳҳои маданӣ қарор гирифтааст. Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню-Йорк дар ин замина гуфтааст, "ин як нуқтаи атфи муҳим дар таърихи ҳуқуқи башари Амрикост."

Вале ин гуфтаҳои Обама ҷомеаи муҳофизакорро нороҳат кардааст, чун онҳо мегӯянд, издивоҷ бояд фақат байни марду зан сурат бигирад. Фаъолони ҷумҳурихоҳ ва раҳбарони масеҳиёни муҳофизакор аз мавзеи Барак Обама интиқод карда ва аз он ба унвони як "риск" ном бурдаанд.

Ба гузориши "Ройтерз" бархе мӯътақиданд, ки ин мавзеъгирии Барак Обама боис хоҳад шуд, то раъйдиҳандагон ба самти Мит Ромнӣ -- номзади ҷумҳурихоҳон мутамоил бишаванд. Чаро ки 29 иёлати Амрико ба мамнӯияти издивоҷи ҳамҷинсгароён раъй додаанд. Худи Ромнӣ эълом кардааст, ки бо издивоҷи ҳамҷинсгароён мухолиф аст.

Раҳбари як ниҳоди масеҳиёни муҳофизакор дар Амрико низ гуфтааст, "ончи ки эълом шуд, ин масъаларо таъйид мекунад, ки мавзӯи издивоҷ яке аз масоили аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хоҳад буд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG