Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пораҳои ҳавопаймои Русияро дар Индонезия мушоҳида кардаанд


Sukhoi Superjet-100 ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия

Sukhoi Superjet-100 ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия

Дар Индонезия пораҳои ҳавопаймоии Sukhoi Superjet-100 Русия пайдо шудааст. Ин ҳавопаймо рӯзи чаҳоршанбе бо 50 сарнишин бедарак шуд. Намояндаи гурӯҳи наҷот хабар дод, ки аз чархбол дар доманаи кӯҳистони ҷазираи Яваи ғарбӣ пораҳои ҳавопайморо мушоҳида кардаанд.

Ҳавопаймо парвози намоишӣ анҷом медод. Иртибот бо он баъд аз 20 дақиқаи парвоз қатъ шуд ва сабаби он то ҳол маълум нест.

Дар Русия бо дастури нахуствазир Дмитрий Медведев барои расидагӣ ба сабабҳои суқути ҳавопаймо кумиссиюне ташкил шудааст. Ба он кормандони муассисаҳои мухталиф шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG