Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар наздикии мошини нозирон дар Сурия


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Корвони мошини нозирони оташбаси СММ дар Сурия баъд аз инфиҷори баме дар сари роҳ муддате бедарак шуд. Ин бам рӯзи чаҳоршанбе замоне мунфаҷир шуд, ки низомиёни Сурия корвони мошинҳои нозирони оташбасро гусел мекарданд. Дар ин корвон генерал Роберт Муд-сарпарасти нозирон ва 11 нозири дигари СММ буданд. Ин корвон қабл аз чанд сонияи инфиҷори бам аз ин маҳал гузаштааст ва ба сӯи Даръо мерафтааст. Бан Ки-мун, Дабири Кулли СММ ин ҳодисаро қотеона маҳкум кард ва гуфт, “ин ҳодиса нишонаи он аст, ки нозирони оташбаси СММ дар шароити сахт вазифаи худро иҷро мекунанд”.
XS
SM
MD
LG