Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Амрико ба мулоқоти Кемп Девид намеравад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия боздиди пешбинишудаи худ аз Амрикоро ботил эълон кард. Интизор мерафт, ки вай 18-19 май дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои бузурги санъатӣ ё Ҷӣ 8 ширкат ва бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мулоқот анҷом диҳад.

Дар эъломияи Кохи Сафед омадааст, Путин дар бораи тағири нақшаҳои худ рӯзи чаҳоршанбе ба Обама хабар додааст ва гуфтааст, ки вай бояд корҳоеро дар робита бо ташкили ҳукумати нави худ ба поён расонад. Ба ҷои Путин Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия дар мулоқоти Кемп-Девид ширкат хоҳад кард.

Ҳар ду раиси ҷумҳур ба тавофуқ расидаанд, ки дар мулоқотҳои дигари баъдӣ бо ҳам дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG