Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон дар ҳамлае як корманди пулис кушта шуд


Дар деҳаи Избербоши Доғистон як корманди пулис кушта, як нафари дигар захмӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додаанд. Ин ҳодиса шабонгоҳ рух додааст. Афроди номаълум ба сӯи дастаи посбонони пулис оташ кушодаанд ва аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин афрод ба кормандони пулис замоне оташ кушодаанд, ки пулис мошини онҳоро барои тафтиши ҳуҷҷат нигоҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG