Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти Обама аз ҳамҷинсгароёни кишвараш


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо хабарнигори шабакаи телевизионии ABC-TV-и Амрико гуфт, вай аз издивоҷи ҳамҷинсгароён ҳимоят мекунад. Обама гуфт, ба фикри вай бояд ба ҳамҷинсгароён иҷоза дод, то онҳо бо ҳам издивоҷ кунанд. Вай зимнан изҳор дошт, ки ин фикри шахсии вай аст, вале вай аз ҳақи аёлатҳои Амрико ҳимоят мекунад, ки онҳо дар ин бора чӣ тасмим мегиранд ва қонунҳои худро чӣ тарз ба тасвиб мерасонанд. Ҳимояти Обама аз издивоҷи ҳамҷинсгароён бори аввал аз ҷониби як раиси ҷумҳури Амрико садо медиҳад. Вале ин гуфтаҳои вай ҷомеаи муҳофизакорро нороҳат хоҳад кард, чун онҳо мегӯянд, издивоҷ бояд фақат байни марду зан сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG