Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳавои Тоҷикистон аслан боронӣ хоҳад буд


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ва Хуҷанд бориши кӯтоҳмуддати борон пешбинӣ шудааст. Бориш шабона давом мекунад. Ҳаво дар Душанбе то 28, дар Хуҷанд 27 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи Кӯлоб бориш нисфирӯзӣ оғоз меёбад ва шабона давом мекунад. Ҳаво то 29 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар водии Вахш тамоми рӯз борон пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин ҳаво рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон наздикии бегоҳ бориш дар назар аст ва шабона давом мекунад. Ҳаво то 26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG