Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Неврологи олмонӣ Лутс Ҳармс, ки барои табобати сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко ба Харков омад, гуфт, ки ӯ баъди қариб 3 ҳафта гуруснанишиниашро қатъ кард. Ҳармс гуфт, эҳёи сиҳҳати Тимошенко баъди гуруснанишинӣ як моҳро дарбар хоҳад гирифт. Тимошенкоро, ки бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, субҳи имрӯз аз зиндони Харков ба бемористон таҳвил доданд. Муовини вазири ҳифзи сиҳҳати Украина Раиса Моисеенко дар Харков гуфт: “Қарор ин шуд, ки табобати Юлия Володимировнаро табиби олмонӣ ҳамроҳ бо як ҳампешааш аз бемористони маҳаллӣ бар ӯҳда бигирад.” Тимошенко, ки аз дарди сутунмӯҳра шикоят дорад, табобаташ аз сӯи табибони низоми зиндонҳои Украинаро радд карда буд. Тарафдорони Тимошенко ҳукми ӯро интиқоми рақибаш – раисиҷумҳур Виктор Янукович медонанд.
XS
SM
MD
LG