Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши сангин дар роҳи ҳаракати нозирони СММ


Як корвони нозирони СММ дар Сурия қариб буд, ба бомби канори роҳ бархӯрад. Ин бомб ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз убури корвони ҳомили раҳбари ҳайъат генерал Роберт Муд ва 11 нозири СММ мунфаҷир шуда, дар ин таркиш дар канори шаҳри ҷанубии Даръо дастикам 6 сарбози Сурия ҷароҳат бардоштаанд. Генерал Муд гуфт, ин ҳодиса “як намунаи зиндаи хушунатест, ки ба мардуми Сурия лозим нест.” СММ ҷиҳати истиқрори 300 нозир дар Сурия қарор кардааст ва 70 тани онҳо алакай дар он кишвар фаъолият доранд. Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон дирӯз ҳушдор дод, ки Сурия дар роҳ ба сӯи ҷанги шаҳрвандист.
XS
SM
MD
LG