Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомб дар роҳи убури нозирони СММ


Корвони нозирони СММ дар роҳи ба сӯи Даръо
Корвони нозирони СММ дар роҳи ба сӯи Даръо
Бино ба хабарҳо, як корвони нозирони СММ дар Сурия қариб буд, ба бомби канори роҳ бархӯрад. Ин бомб ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз убури корвони ҳомили раҳбари ҳайъати нозирони СММ генерал Роберт Муд мунфаҷир шудааст. Associated Press мегӯяд, дар ин таркиш дар канори шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия дастикам 6 сарбоз ҷароҳат бардоштаанд. Ва ҳам имрӯз рӯзномаи “Аш-Шарқ-ал-Авсат” изҳороти фармондеҳи мухолифин Риёз Асадро нашр кард, ки мегӯяд, мухолифин шояд алорағми оташбаси таҳти назари СММ амалиёти низомиро аз сар гиранд, чунки,и ба гуфтаи ӯ, “мардуми мо талаб дорад, ки мо аз онҳо дифоъ кунем.” Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон дирӯз ҳушдор дод, ки сурия дар роҳ ба сӯи ҷанги шаҳрвандист.
XS
SM
MD
LG