Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран дар Hot Docs 2012 - ҷашнвораи филмҳои мустанад дар Торонто, филми коргардон Наҷиб Мирзо бо номи “Бузкашӣ” намоиш дода шуд.

Наҷиб Мирзои покистониюасл ин филмро дар Тоҷикистон гирифтааст. “Бузкашӣ” достони Аъзам ном човандоз аст, ки орзу дорад, то ин ҳунарро баъди сари ӯ фарзандонаш идома диҳанд. Орзуе ки дар пасманзари рушди босуръати ҳаёт ва ба сурати қариб саросарӣ худро аз русто ба шаҳрҳо задани мардум, шояд дигар ҷомаи амал напӯшад.

Наҷиб Мирзо мегӯяд, ҳадафи ӯ рӯи навори синамо овардани достони зиндагии ин марди човандоз, таккон додани тамошобин ва ҳам нишон додани воқеъиятҳое буд, ки дар пушти майдони варзиш мегузарад.

Наҷиб Мирзо, ки феълан 52 сол дошта, дар Оттава ба сар мебарад, дар Покистон ба дунё омадааст, вале ҳанӯз дар 7-солагиаш ҳамроҳ бо волидайн ба Канада кӯчид ва дар ҳаминҷо ба воя расид. Ӯ маълумоти ихтисосии синамогарӣ надорад, балки дар Донишгоҳи Эдмонтон илми иқтисод омӯхта, дар донишгоҳи Гуэлф унвони магистриро дар мавзӯъи барномарезии рушди байналмилалии русто дифоъ кардааст.

Наҷиб Мирзо

Наҷиб Мирзо

Наҷиб Мирзо дипломати собиқ аст ва чанд сол дар сафорати Канада дар Қазоқистон ва дар барномаи Осиёи Марказии Ожонси рушди байналмилалии Канада кор кардааст. Ӯ мегӯяд, дар тӯли фаъолияти дипломатиаш дар Осиёи Марказӣ чунон шефтаи ин сарзамин ва мардумаш шуд, ки беихтиёр ба даст дастгоҳи наворбардорӣ гирифт ва то имрӯз аз рӯзгори ин мардумон 4 филм сохтааст.

Наҷиб Мирзо нахустин филмаш – “Даъвати чӯпон”-ро соли 2004 дар 44-солагӣ гирифт. Ин филм аз зиндагии хеле суннатии чӯпонҳои кӯчӣ дар Қирғизистон қисса мекунад. Филми баъдии ӯ, ки соле баъд бо номи “Фалак: Таронаи ҷон” рӯи навор омад, достони се хонандаи мусиқии тоҷикии фалак аст. Филми севуми Наҷиб Мирзо – “Оғӯши ширин: Бозгашт ба Афғонистон” аст. Ин филм соли 2008 гирифта шуда, ҳикояти зиндагии талху ширини ду афғонест, ки баъди 16 соли ғурбат ба ватан бармегарданд. Ва инак, Наҷиб Мирзо дар филми чоруми худ дубора ба мавзӯъи Тоҷикистон баргашт ва дар бораи бузкашӣ, ин навъи варзиши роиҷ дар байни мардумони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон филм бардошт.

Аммо чаро бузкашӣ? Наҷиб Мирзо дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар посух ба ин суол гуфт: “Баъди хатми фаъолияти дипломатӣ ман ба филмбардорӣ сар кардам ва ҳамаи 4 филми ман дар бораи Осиёи Марказист. Вақте ман дар соли 2005 филми дуюмам “Фалак”-ро дар Тоҷикистон мегирифтам, маро ба тамошои бузкашӣ бурданд. Ман бузкаширо дар Ӯш ҳам дида будам, вале ин бозӣ дар Тоҷикистон комилан дигар буд. 200 аспсавор ҷамъ шуда буд барои сабқат. Ман хеле илҳом гирифтам, вале он бор гирифтани филм муяссарам нашуд. Ва вақте соли 2009 ба Тоҷикистон баргаштам, дар фикри сохтани филм дар бораи бузкашӣ шудам. Ин як варзиши хеле ғайриоддист.”

Радиои Озодӣ: Маълум мешавад, хеле дӯст доштед бузкаширо?

Наҷиб Мирзо: “Ман худам ягон бор буз накашидам, албатта, вале дидам, ки ин шояд мушкилтарин ва хатарноктарин бозӣ дар дунёст. “

Радиои Озодӣ: Феълан дар дунё фарҳанги бархӯрд ба ҳайвонот хеле дигар шудааст ва барои мисол, ҳоло дар Испания коррида ё ҷанг бо буқаҳоро, ки дар тӯли асрҳо як мояи ифтихори испаниҳо буд ва ҳамасола миллионҳо сайёҳи хориҷиро ба ин кишвар меовард, манъ мекунанд. Шумо ҳам чунин нигароние надоштед, ки тамошобини ғарбӣ шояд бузкаширо ҳам муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвон дарёбад ва напазирад?

Наҷиб Мирзо: “Дар воқеъ, суоли баҷост. Вале агар бо коррида қиёс кунем, пас бояд варзишҳои дигар, масалан, боксро ҳам фаромӯш накунем, ки онро низ метавон муносибати бераҳмона ба инсон талаққӣ кард. Эътирозҳое шояд пеш биоянд, вале мо дар ин филм бузкаширо танҳо ҳамчун як пасманзар интихоб кардаем ва худи филм бештар на дар бораи ин навъи варзиш, балки достони инсонҳост. Ҳадаф нишон додани зиндагие буд, ки мардум дар Тоҷикистон дорад ва фарқи рӯзгори онҳое ки дар қишлоқ ба сар мебарад ва барои мисол, онҳое ки сокини Душанбеанд. Дар Душанбе ҳам мардуми зиёде ба ман гуфтанд, ки бузкаширо дӯст надоранд ва бояд манъаш кард. Вале мардуми русто бузкаширо хеле дӯст медорад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG