Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенкоро аз зиндон ба бемористон бурдаанд


Мақомоти зиндони Украина Юлия Тимошенкоро дирӯз ба бемористон таҳвил додаанд. Ин дар пасманзари нигарониҳо дар бораи вазъи сиҳҳати сарвазири собиқ аст, ки ҳафтаи севум боз гуруснанишинӣ мекунад. Вакилон мегӯянд, ки интизор меравад, хонум Тимошенко таҳти муоинаи табиби олмонӣ Лутс Ҳармс ба гуруснанишиниаш поён диҳад. Ҳармс имрӯз дар Харков омад. Тимошенко 7 сол ҳукми зиндонашро дар ҳаминҷо адо мекунад.Муовини вазири ҳифзи сиҳҳати Украина Раиса Моисеенко имрӯз дар Харков гуфт: “Қарор ин шуд, ки табобати Юлия Володимировнаро табиби олмонӣ ҳамроҳ бо як ҳампешааш аз бемористони маҳаллӣ бар ӯҳда бигирад.”
Тимошенко рӯзи 20 апрел даст ба гуруснанишинӣ зада, табобаташ аз сӯи табибони низоми зиндониро радд кард. Тарафдорони Тимошенко мегӯянд, ҳукми зиндони ӯ бахше аз таъқиботи сиёсии таҳти раҳбарии рақибаш – раисиҷумҳури феълии Украина Виктор Янукович аст.
XS
SM
MD
LG