Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIA тарҳи ҳамлаи "Ал-қоида"-ро хунсо кард


Мусаллаҳони қабилаҳои вафодор ба танзими Ал-Қоида дар Яман.
Мусаллаҳони қабилаҳои вафодор ба танзими Ал-Қоида дар Яман.

Кохи Сафед тайъид кард, ки мақомоти кашфи Амрико аз як ҳамлаи мусаллаҳони ямании шабакаи “Ал-Қоида” ҷилавгирӣ карданд.

Бар пояи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, кормандони Хадамоти марказии кашфи ИМА бомберо пайдо намуданд, ки шабеҳи онро се сол пеш маргталаб Умар Фаррух Абумутталиб мехост дар ҳавопаймои амрикоӣ мунфаҷир кунад.

Кормандони кашф бомбро дар ҳоле дарёфт карданд, ки маргталаби эҳтимолии яманӣ дар бораи кай ва дар кадом ҳавопаймои амрикоӣ тарконидани он ҳанӯз тасмим нагирифта буд. Гуфта мешавад, ки ӯ ин бомбро метавонист дар либоси таги худ пинҳон кунад.

Дар изҳороти расмии Бюрои федеролии тафтишоти Амрико гуфта шудааст, айни ҳол мутахассисон ин бомбро меомӯзанд ва аз ҷумла, мехоҳанд бифаҳманд, ки то куҷо дастгоҳҳои назорати фурудгоҳҳо тавони шиносоии онро доранд.

Кэтлин Ҳайден, намояндаи Кохи Сафед гуфт, ки раисиҷумҳур Барак Обама дар бораи сӯиқасд бо истифода аз ин бомб ҳанӯз моҳи апрел огаҳ карда шуда буд. Вазири дифоъ Леон Панетта дар нишасти хабарӣ дар Пентагон дар посух ба суол дар бораи ин ҳодиса гуфт, ки “ИМА дар чанд амалиёт алайҳи Ал-Қоида ва ҳампаймонҳои он, ки зидди ба Амрико ҳамлаҳо ташкил кунанд, ширкат дорад. Ин ҳодиса баёнгари он аст, ки кишвари мо бояд ҳушёриро дар баробари онҳое ҳифз намояд, ки зидди мо сӯиқасд ташкил мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол мақомоти кафши Амрико ҳадс мезананд, ки бомби нав шояд ихтирои Иброҳим Ҳасан ал-Асирӣ ё нафаре аз пайравони ӯ бошад. Агар ин ҳадсзанӣ дуруст бошад, пас ин саввумин бомби ғайримуқаррариест, ки Ал-Асирӣ сохтааст.

Амалиёти Хадамоти марказии кашфи Амрико барои пайдо кардани бомб дар ҳоле ҷараён гирифт, ки мақомоти кишвар дар солгарди аз байн бурдани раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лодин ба амрикоиҳо кафолати амнияти куллро дода, гуфтанд, ки дар бораи тарҳрезии ягон ҳамла алайҳи ИМА иттилоъ нагирифтаанд.

26 апрел сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ эълом дошт, ки ба Вошингтон дар бораи тарҳрезӣ шудани ҳамлае ба Амрико хабар нарасидааст. Рӯзи 1 май ҳамин гуна изҳоротро вазорати амнияти миллии ИМА ҳам нашр карда буд.
XS
SM
MD
LG