Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Британия 9 мард барои таҷовузи ноболиғон маҳкум шуданд


Рӯзи сешанбе додгоҳи шаҳри Ливерпули Британия 9 марди покистонӣ ва афғонро барои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ маҳкум ба зиндон кард. Онҳо духтарони ноболиғ, ҳатто 13 соларо бо нӯшондани алкогол ва додани маводи мухаддир маҷбур ба ҳамхобагӣ кардаанд. Ин парванда дар Британия ғазаби мардумро бар зидди ҷомеаи покистониҳову афғонҳо барангехтааст. Панҷ духтаре, ки дар додгоҳ ба суолҳо посух медоданд, сафедпӯст буданд. Онҳо гуфтанд, ки мавриди таҷовуз ва лату кӯб қарор мегирифтанд ва аз як мард ба марди дигар фурӯхта мешуданд. Яке аз онҳо гуфт, ки дар як шаб бо вай то 20 мард “ҳамхоба” мешудаанд. Раҳбарони ҷомеаи мусулмони Британия ин амалро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG