Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Обама мизбони мулоқот бо Расмуссен хоҳад буд


Барак Обама

Барак Обама

Қарор аст имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Андерс Фог Расмусен-Дабири кулли паймони НАТО-ро дар Кохи Сафед дар остонаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин паймон ба ҳузур пазирад. Мулоқоти НАТО 20-21 май дар Чикаго баргузор мешавад.

Дар эъломияе, ки НАТО пахш кардааст, гуфта мешавад, ки рӯзи чаҳоршанбе оқои Расмуссен ҳамчунин бо аъзои Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико низ мулоқот хоҳад дошт. Аз сӯи дигар дар эъломияи Кохи Сафед омадааст, Обама ва Расмуссен дар мулоқоти худ омодагиҳои ниҳоӣ ба мулоқоти кишварҳои НАТО-ро баррасӣ мекунанд.

Мавзӯи Афғонистон яке аз масъалаҳои аслии мавриди гуфтугӯ дар ин мулоқот ба шумор меравад, зеро кишварҳои узви НАТО ҷузъиёти барномаҳои хуруҷи нируҳояшон аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Ҳоло тақрибан 130 000 нируҳои хориҷӣ як ҷо бо ҳудудан 350 000 нафар нируҳои амниятии Афғонистон бар зидди тундравони Толиб ва Ал Қоида меҷанганд.
XS
SM
MD
LG