Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои ҳизби дуввум барои ташкили ҳукумат дар Юнон


Алексис Тсипрас бо ҷонибдоронаш

Алексис Тсипрас бо ҷонибдоронаш

Алексис Тсипрас-раҳбари ҳизби чапгарои Юнон бо номи “Сириза” мегӯяд, агар ба вай муяссар шавад, ки ҳукумати нави эътилофӣ ташкил диҳад, ҳамаи барномаҳои маҳдудкунандаи молиро, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул барои Юнон пешниҳод кардаанд, рад хоҳад кард.

Каралос Папоулиас-раиси ҷумҳур ба Тсипрас се рӯз вақт додааст, ки ҳукумати эътлофӣ ташкил диҳад. Қабл аз вай Ҳизби Нави Демократӣ натавонист ҳизбҳои дигарро ба эътилоф ҷалб ва ҳукумати нав ташкил кунад. Агар то 17 май дар Юнон ҳукумати нав ташкил нашавад, бори дигар интихобот баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG