Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишномаи нави ҳунарпешагони ҷавони Конибодом


Дар шаҳри Конибодом ҳунарпешагони ҷавон дар саҳнаи толори маорифи шаҳр намоишномаи наверо бо номи «Модари аз тоқати таҳқир хаста» ба намоиш дароварданд. Ин намоишнома аз “Шохнома”-и Фирдавсӣ, афсонахои халқи тоҷик, «Достони писари Худо»-и Сорбон, «Модари хоин»-и М. Горкий маънӣ бардошта, мавзӯи муҳоҷирати ҷавонони тоҷик ва хиёнати бародаронро низ дар бар гирифтааст. Мақомоти маҳаллӣ барои таҳияи намоишнома ба гурӯҳи ҳунармандони ҷавон кӯмаки молӣ кардаанд.

Грӯҳи ҷавонони театри Конибодом аз соли 2009 пас аз хатми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода бо идеяҳои нав вориди саҳна шудаанд.
XS
SM
MD
LG