Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Либия дар назди бинои ҳукумат як нафар кушта шуд


Дар тирандозие дар назди бинои ҳукумати Либия дастикам як нафар кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва мақомоти расмӣ, рӯзи сешанбе шӯришиёни пешин аз кӯҳистонҳои ғарбӣ ба нишонаи эътироз ба назди бинои ҳукумат омаданд ва аз нахуствазир пули нақд хостаанд.

Носир Монӣ-сухангӯи ҳукумат мегӯяд, як нафар аз нируҳои амниятии ҳукумат дар ин тирандозӣ кушта шудааст. Вале шоҳидони дигар гуфтаанд, ки дар ин тирандозӣ дастикам чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дафтари нахуствазир зуз-зуд ба чунин эътирозҳо рӯ ба рӯ мешавад. Шӯришиён барои ширкати худ дар сарнагунии Муаммар Қаззофӣ аз ҳукумат даромади бештар тақозо мекунанд.

Моҳи оянда бояд дар Либия интихобот баргузор шавад ва дар он ниҳодеро интихоб кунанд, ки бояд пешнависи Қонуни Асосии ин кишварро таҳия ва тадвин намояд.
XS
SM
MD
LG