Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Аврупо дар Ялта ба таъхир афтод


Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко

Украина мулоқоти раҳбарони Аврупои Марказӣ ва Шарқиро, ки қарор буд ҳамин ҳафта дар шаҳри соҳилии Ялта баргузор шавад, ба таъхир андохт. Ин тасмим замоне эълон шуд, ки руасои ҷамоҳири Олмону Австрия, Италияву Хорватия, Эстонияву Словения ва ҷумҳурии Чех ба нишонаи эътироз бар зидди наҳваи муолиҷаи Юлия Тимошенко-раҳбари зиндонии мухолифони Украина аз ширкат дар мулоқоти 11-12 май даст кашиданд.

Тимошенко, ки барои суистифода аз мақоми нахуствазирӣ 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст, аз 20 апрели соли ҷорӣ гуруснанишинӣ эълон кардааст. Вай ба нишонаи эътироз ба муолиҷа дар зиндон эътисоби ғазо эълон кардааст. Ҳукми зиндони вайро маҳофили байналмиллалӣ мавриди интиқод қарор додаанд. Мақмоти расмии Украина иҷоза надоданд, ки вайро дар Олмон муолиҷа кунанд.

Тимошенко бояд рӯзи сешанбе барои муолиҷа ба шифохонае интиқол дода мешуд, вале баъд аз аёдати табиби олмонӣ вай аз рафтан ба шифохона даст кашид.
XS
SM
MD
LG