Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афғон бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон


Раиси дафтари хабаргузории эронии “Форс” дар Кобул Абдулвоҳид Ҳаким
Раиси дафтари хабаргузории эронии “Форс” дар Кобул Абдулвоҳид Ҳаким
Дар Афғонистон ду шаҳрванди кишвар бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон ва талоши ташкили ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд.

Бар пояи навори видеоие, ки мақомоти кашфи Афғонистон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ду ҷавон – Сайид Камол ва Сайид Ҳусейн тайид кардаанд, ки аъзои гурӯҳи “Силоҳи Муҳаммад” мебошанд. Ба ин гурӯҳ паноҳандагони афғоне шомиланд, ки дар пойгоҳҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон тамрин дидаанд. Ба гуфтаи Сайид Камол, аъзои ин гурӯҳро баъди тамрин ба Афғонистон мефиристанд, то ки иттилои ҷосусӣ ҷамъ оваранд ва амалҳои террористӣ анюом диҳанд.

Аз ин пештар раиси дафтари хабаргузории эронии “Форс” дар Кобул Абдулвоҳид Ҳаким бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шуда буд
XS
SM
MD
LG