Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як коршиноси МАГАТЭ дар Теҳрон


Ок-Сеок Сео, коршиноси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, ки дар Теҳрон ҷон бохт.

Ок-Сеок Сео, коршиноси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, ки дар Теҳрон ҷон бохт.

Ду коршиноси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ дар Теҳрон дучори садамаи нақлиётӣ шуда, яке аз онҳо ҷон бохтааст.

Оҷонси атомии Эрон рӯзи 8-уми май бо интишори баёнияе аз ҷон бохтани як коршиноси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ бар асари садамаи нақлиётӣ хабар дод.

Хабаргузориҳои дохилии Эрон ин коршиноси Оҷонсро Ок-Сеок Сео, шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, муаррифӣ карда ва навиштаанд, ки вай ҳангоми маъмурият дар наздикии муҷтамаи Хундоб дар устони марказӣ дучори садама шуда ва ҷони худро аз даст додааст.

Ба навиштаи хабаргузории донишҷӯёни Эрон - "Исно", дар ин ҳодиса, ки ҳудуди соати 12-и рӯзи сешанбе рух дод, худраве ҳомили ду коршиноси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ аз роҳи аслӣ берун ва чаппа шудааст.

Гон Сук аз Словакия, дигар коршинсое буд, ки дар ин садама маҷрӯҳ ва ба беморхона фиристода шуд.

Муҷтамаи Хундоб як реактори таҳқиқотии оби сангин аст, ки дар наздикии шаҳри Хундоби вилояти марказӣ дар ҳоли сохтан аст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ассошиайтед-Пресс гузориш медиҳад, ки Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ ҳанӯз дар мавриди ин хабар изҳори назар накарда ва изҳороте пахш нанамудааст.

Ин садама каме пеш аз он рух медиҳад, ки Ҷумҳурии исломӣ ва Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ қарор аст дар рӯзҳои 13 ва 14-уми май, камтар аз як ҳафтаи дигар, даври тозае аз гуфтугӯҳои фаннӣ дар марвиди барномаи ҳастаии Эронро дар Вена баргузор кунанд.

Музокирот дар сатҳи болотар низ қарор аст миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи 23-юми май дар Бағдод анҷом бишавад. Даври аввали ин музокирот дар Туркия анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG