Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дмитрий Медведев имрӯз дар мақоми нахуствазири Русия пазируфта шуд. Аз номзадии ӯ 299 вакили Думаи давлатӣ пуштибонӣ карда, 144 вакил муқобил раъй доданд.

Дирӯз вакилон аз Ҳизби "Русияи воҳид" ва Ҳизби либерал-демократии Русия эълом доштанд, ки аз номзадии раисиҷумҳури пешин дар мақоми нахуствазирӣ ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Раисиҷумҳур Владимир Путин номзадии Дмитрий Медведев ба мақоми раиси ҳукуматро дирӯз баъд аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ пешбарӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG